16 Май 2025 - 22:13
Source: Parstoday
Вокуниши бархе кишварҳои ғарбӣ ба ҷиноёти ҷадиди режим |Дидабони ҳуқуқи башар : Тел-Авив бадунболи нобудсозии зиндагӣ аст ; Санчес : Исроил наслкуш ас

Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо -Мадитарона гуфт ки ҳадафи режими саҳюнистӣ аз ҳамла ба бемористонҳои Ғазза , нобудии зиндагӣ дар ин минтақааст .

Ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи ғайринизомиёни Ғазза бо ҳамалоти мустақИм ба бемористонҳо ВА марокизи дармонӣ ба марҳалаИ бесобиқа расидааст . Дар ҷадидтарин ин ҷиноёт , Исроил сешанбеи шаб муҳавватаи бемористони аврупоиеро дар шарқи Хон Юнус ба шиддат бомбаборон кард ки тайи он беш аз 20 нафар шаҳид ва даҳҳо тани дигари захмӣ ва мафқуд шуданд . Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Исно , Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо - Мадитарона рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард ҳадаф қарор додани бемористонҳои Борикаи Ғазза тавассути Исроил ва хориҷ кардани онҳо аз чархаи хизматрасонӣ нобуд кардани зиндагӣ ва вайронии охирин сарпаноҳи сокинони ин минтақааст .

Дар идомаи баёния омадааст бомбаборони бемористони аврупоӣ ва таътилии он чанде пас аз ҳамла ба муҷтамаъи дармонии Носир , дар чорчӯби эҷоди марги орому сӯқ додани Борикаи Ғазза ба самти нобӯдии комил анҷом шуд . Ин баёния меафзоед артиши режими ишғолгар аз ҳаргуна иқдом барои наҷоти қурбониён дар хиёбонҳо бо ҳадаф қарор додани нерӯҳои имдоду наҷот ҷилавгирӣ кард . Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо - Мадитарона аз ҳамаи кишварҳо хостааст то ба масъӯлиятҳои қонӯнии худ пойбанд буда ва иқдомии фаврӣ барои таваққуфи наслкушӣ дар Борикаи Ғазза анҷом диҳанд .

Канада : Исроил аз гуруснагӣ дар Ғазза ба унвони абзори сиёсӣ истифода мекунад

Дар ҳамин робита « Анита Ананд » вазири хориҷаи ҷадиди Канада рӯзи чаҳоршанбе бо баёни инки режими саҳюнистӣ аз гуруснагӣ дар Ғазза ба унвон « абзории сиёсӣ » баҳра мегирад , хостори талоши бештар барои дастёбӣ ба оташбас шуд .

 Испания : Исроии як ҳукӯмати наслкушаст

« Педро Санчес  » нахуствазири Испания низ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ки режими саҳюнистӣ як ҳукӯмати наслкушаст ва мо ҳақ дорем бо чунин режимӣ робитаи тиҷорӣ надошта бошем . Ба дунболи ин изҳороти Санчес , Вазорати хориҷаи режим « Анна Соломун » сафири Испания дар сарзаминҳои ишғолиро эҳзор кардааст .

Шаҳрдори Амстердам : Аврупо бояд аз фаластиниҳо ҳимоят кунад

« Femke Halsema » шаҳрдори Амстердами ҳам аз давлати Ҳоланд хост то дар баробари тахриби , гуруснагӣ ва куштори ваҳшиёнаи фаластиниён дар Ғазза мавзеи қотеъӣ иттихоз кунад ва таъкид кард : Аврупо бояд аз фаластиниҳо ҳимоят кунад . « Femke Halsema » нисбат ба стандартҳои дугона дар бархӯрд бо буҳронҳои ҳуқуқи башар ҳушдор дод ва гуфт : Сарнавишти мардуми Ғазза бисёре аз сокинони пойтахти Ҳоландро амиқан таҳти таъсир қарор медиҳад . Вай афзӯд : Суҳбат дар мавриди хушунати наслкушӣ дар Ғазза ғайри мантиқӣ нест ва ҳоли вақти он аст ки ихтилофоти сиёсиро канор бигзорем ва бар наҷоти ҷони инсонҳо тамаркуз кунем.

Италия : Исроил бояд ба қавонини байналмилалӣ дар Ғаззаи эҳтиром бигузорад

Аз сӯйи дигар , « Giorgia Meloni » нахуствазири Италия рӯзи чаҳоршанбе дар ҳоле ки авзоъи башардӯстона дар Ғаззаро « ғамангезу ғайриқобили тавҷеҳ » тавсиф кард , гуфт ки режими саҳюнистӣ бояд ба қавонини байналмилалӣ эҳтироми бигузорад .

Олмон : Иқдомоти фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз қаҳтӣ дар Ғазза анҷом шавад

« Friedrich Merz » Садри аъзами ҷадиди Олмон низ рӯзи чаҳоршанбе , хостори иқдомоти фаврӣ барои ҷилавгирӣ аз қаҳтии ҳод дар борикаи Ғазза шуд ва таъкид кард ки кумакрасонии башардӯстона ба ғайринизомиёни фаластинӣ , як вазифаи инсонӣ барои ҳамаи тарафҳои даргираст .

Your Comment

You are replying to: .
captcha